Купить домен

Регламент на таджикском языке

Доводим до Вашего сведения, что ниже предоставленный регламент является настоящим договором между Администратором зоны .TJ и Регистратором (в данном случае NUKTA.TJ). При этом правовая сторона, также передается на конечного потребителя, то есть - Вас. Вы должны также понимать, что договор-оферта между Регистратором и Вами при регистрации домена имеет также другие положения и дополнительные стороны ответственности.

  1. Муқаррароти умумӣ
    1. .TJ – домени миллии сатҳи болои (ccTLD) Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
    2. Менеҷери домени миллӣ Маркази иттилоотию техникии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Менеҷер) буда, идоракунии домени .TJ-ро мутобиқи талабот ва тавсияҳои муқаррарнамудаи ташкилоти байналмилалии ҳамоҳангсоз анҷом медиҳад, системаи номҳои доменӣ ва бақайдгирии номҳои домении минтақаи .TJ-ро идора мекунад.
    3. Менеҷер сиёсати минтақаи домении .TJ-ро ташаккул ва татбиқ менамояд.
    4. Менеҷер ваколатдор аст ба муносибатҳои шартномавӣ ворид шавад ва иҷрокунандагонро барои таъмини фаъолияти муттасили феҳраст ва дигар амалҳо дар минтақаи .TJ таъин намояд.
    5. Амалҳои вобаста ба номҳои доменҳо, ба монанди бақайдгирӣ, азнавкунӣ, супурдан, хориҷ кардан ва барқарор намудан бо хо ҳ иши Бақайдгирандагон анҷом дода мешавад. Рӯйхати Бақайдгирандагон дар вебсайти www.nic.tj дастрас аст.
  2. Принсипҳои бақайдгирӣ
    1. Ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, резидентҳо ва ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд барои бақайдгирии номи доменӣ дар минтақаи .TJ дархост пешниҳод кунанд, вале дар сурати ба вуҷуд омадани вазъияти баҳснок резидентони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар шартҳои баробар афзалият доранд.
    2. Миқдори номҳои домении бақайдгирифтаи ҳамон як Бақайдгиранда маҳдуд карда намешавад.
    3. Ҳамаи дархостҳо барои бақайдгирии номҳои доменӣ бояд дар шакли зарурӣ пуркардашуда пешниҳод карда шаванд.
    4. Бақайдгирии номҳои доменӣ бо тартиби воридшавии дархостҳо дар асоси принсипи "ба сараввал воридшуда - хизматрасонии аввал пешниҳод мегардад" анҷом дода мешавад, ба шарте ки онҳо пурра ба талаботи муқарраргардида мутобиқат кунанд. Дархости дертар пешниҳодшуда, вале пурра ба талабот мутобиқаткунанда нисбат ба дархости пештар пешниҳодгардида, вале нопурра ё ба талаботи муқарраргардида мутобиқатнакунанда, бартарият дорад.
    5. Номи доменӣ бояд дар лаҳзаи пешниҳоди дархост барои бақайдгирӣ озод ва дастрас бошад. Дархосткунанда қабул мекунад, ки номи домении дар ибтидо озодбуда ҳангоми тафтиш дар сервери WHOIS, метавонад аллакай дар лаҳзаи бақайдгирӣ банд бошад.
    6. Баъди аз ҷониби Бақайдгиранда қабул гардидани дархост, номи доменӣ ба муддати 10 рӯз барои дархосткунанда захира (ҳифз) карда мешавад. Дар муддати ин мӯҳлат дархосткунанда бояд ҳама расмиётро тибқи талаботи Бақайдгиранда иҷро намояд. Дар сурати иҷро накардани расмиёти муқарраргардида дар мӯҳлати зикршуда, номи доменӣ озод карда мешавад ва аз нав барои бақайдгирӣ дастрас мегардад. Рӯзе, ки дархосткунанда аз Бақайдгиранда огоҳинома мегирад, ки ҳама расмиёт иҷро гардидаанд ва номи доменӣ фаъол гардидааст, санаи бақайдгирӣ ҳисобида мешавад.
  3. Синтаксис
    1. Номи домен бояд сатри дорои на камтар аз 2 ва на бештар аз 63 аломатро дар бар гирад.
    2. Номҳои доменӣ метавонанд аломатҳои зеринро дар бар гиранд:
      1. Ҳарфҳои алифбои лотинии маҷмӯи ASCII. Номҳои доменӣ нисбати феҳристи ҳарфҳо мустақил (беҳис) мебошанд;
      2. Рақамҳо;
      3. Аломати нимтире (дефис): -. Нимтире наметавонад аломати аввал ё охирин бошад, ё ки дар мавқеи сеюм ва чоруми номи домен қарор гирад.
  4. Номҳои махсуси доменӣ
    1. Номҳои дуҳарфае, ки ба рамзҳои кишвар мутобиқат карда, тибқи ISO 3166 захира карда шудаанд (Замимаи 2, банди 2). Вале, дархост метавонад баррасӣ гардад, агар дархосткунанда нишон диҳад, ки чунин ном номи пурра ё шакли ихтисоршудаи номи ташкилот ё нишони тиҷоратии он мебошад ва инро бо далелҳои дахлдор тасдиқ кунад.
  5. Рад кардани дархости бақайдгирии домен
    1. Дархосткунанда бояд он далелро эътироф кунад, ки ҳатто агар Бақайдгиранда дархостро қабул намуда бошад ҳам, он метавонад баъдан аз ҷониби Менеҷер рад карда шавад.
    2. Дархост метавонад бо сабабҳои зерин рад карда шавад:
      1. Дархост ба шакли муқаррарнамудаи Замимаи 1 мутобиқат намекунад, ва/ё ба таври пурра пур карда нашавад, ва/ё баръало шубҳанок аст;
      2. Номи домении дархостшаванда аз калимаҳое иборат мебошад, ки хилофи манфиатҳои ҷамъиятӣ, принсипҳои башардӯстӣ, меъёрҳои қабулгардидаи ахлоқу одоб мебошанд (аз ҷумла калимаҳои дорои мазмуни қабеҳ (бешармона), даъватҳои дорои хислати ғайриинсонӣ, таҳқиркунандаи шарафи инсон ё ҳиссиёти динӣ ва ғайра);
      3. Номи домении дархостшаванда ба қоидаҳои синтаксисии муқарраргардида мутобиқат намекунад;
      4. Номи домении дархостшаванда дар лаҳзаи бақайдгирӣ захира шудааст ё ба қайд гирифта шудааст;
      5. Номи доменӣ аз ҷониби ICANN ба сифати домени умумии сатҳи боло таъин карда шудааст.
  6. Номи домен ва нишонҳои тиҷоратӣ
    1. Номи домении бақайдгирифташуда мақоми нишони тиҷоратиро надорад.
    2. Дархосткунанда ӯҳдадор мешавад, ки номи домен барои бадномкунии нишони тиҷоратии бақайдгирифташуда истифода карда намешавад, бо он якхелла ё монанд нест, ба манфиатҳои моликони нишони тиҷоратӣ ё шахсони сеюме, ки онро қонунан дар фаъолияти худ истифода мекунанд, зиён намерасонад.
  7. Ивазкунии бақайдгиранда
    1. Регистрант (Бақайдгирифташаванда) ҳуқуқ дорад ҳар вақт Бақайдгирандаро иваз кунад. Ӯ Бақайдгирандаи пештараро дар хусуси қарори худ хабардор мекунад ва дар ин маврид расмиёти заруриро анҷом медиҳад, агар ин дар шартнома бо ӯ (он) пешбинӣ шуда бошад. Агар дар мӯҳлати 10 рӯз аз ҷониби Бақайдгиранда эътирозномаи далелнок ворид нагардад, Бақайдгирифташаванда ҳамаи ӯҳдадориҳои худро иҷрокарда меҳисобад ва ба воситаи Бақайдгирандаи нав расмиёти гузаштаро анҷом медиҳад. Дар сурати, агар Бақайдгиранда фаъолияти худро қатъ карда бошад, Бақайдгирифташаванда дар мӯҳлати як моҳи баъди дар ин бора хабардор карда шудан аз ҷониби Бақайдгиранда ё Менеҷери худ бояд дигар Бақайдгирандаро интихоб намояд.
  8. Ҳалли масъалаҳои баҳснок
    1. Ҳамаи масъалаҳои баҳсноке, ки ҳангоми бақайдгирии номи домен дар минтақаи .TJ ба миён меоянд, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сиёсати ягонаи ҳалли баҳсҳо нисбати номҳои доменӣ, ки ICANN аз 24 октябри соли 1999 тасдиқ кардааст, ба танзим дароварда мешаванд.
    2. Тарафҳои баҳс барои ҳама гуна хароҷоте, ки ҳангоми батанзимдарории он ба вуҷуд меоянд, масъулияти мустақил доранд.